24-уми июли соли 2026 дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ семинар-машварати техникӣ дар мавзуи «Риояи талаботи бехатарии корҳо ҳангоми гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар ширкатҳои дорои иҷозатнома ва риояи қонунгузории соҳа аз ҷониби зерсохторҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори семинар роҳбарият ва масъулини Хадамот, намояндагони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарону мутахассисони корхонаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи семинар таъкид гардид, ки Хадамот ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ назорати риояи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самтҳои бехатарии саноатӣ, корҳои омӯзиши геологӣ, кӯҳӣ-техникӣ, саноати кимиё ва металлургӣ, инчунин дигар соҳаҳои ба салоҳияти Хадамот вобастаро амалӣ менамояд.
Иштироккунандагон масъалаҳои риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми корҳои омӯзиши геологӣ, пешгирии ҳодисаҳои истеҳсолӣ, бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминиро баррасӣ намуданд.
Дар семинар инчунин натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли 2026 ва масъалаҳои техникаи бехатарӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома мутахассисони Хадамот ва сохторҳои дахлдор бо маъруза баромад карданд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии техникӣ омили асосии таъмини бехатарии корҳо, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва рушди устувори соҳаи геология мебошад.
Маркази матбуот