23-юми июли соли 2026 бо ташаббуси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинар-машварати техникӣ дар мавзуи«Риояи талаботи бехатарии саноатӣ ҳангоми гузаронидани корҳои омӯзишигеологӣ ва истихроҷи тилло, истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳоизеризаминӣ, инчунин бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатӣ баргузор
Дар кори семинар роҳбарият ва мутахассисони Хадамот, инчунинроҳбарону намояндагони корхонаҳои соҳаи кӯҳкорӣ ва геологияи шаҳриДушанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.
Семинарро муовини якуми сардори Хадамот Ардашер Мирзозодаифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид кард, ки дар партави сиёсатисаноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар муайянгардидааст, масъалаи таъмини бехатарии саноатӣ яке аз самтҳои муҳиммифаъолияти мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки рушди соҳаи кӯҳкорӣ, аз ҷумла корҳои омӯзиши геологӣ ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, дар баробари афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, масъулияти бештарро дар самти ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон, истифодаи оқилонаи қаъри замин ва риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ ба миён мегузорад.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои таҳлили ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи якуми соли 2026 ба қайд гирифташуда, бехатарии саноатӣ ваҳуҷҷатгузории техникӣ дар корхонаҳои истихроҷи тилло, истифодаи оқилонава ҳифзи қаъри замин дар конҳои тилло, риояи талабот ҳангомигузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар зуҳурот ва конҳои тилло, инчунинтартиби бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатӣмавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати илмию техникии ХадамотАлимаҳмад Гулов оид ба вазъи ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва татбиқисанадҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарии саноатӣ маъруза намуда, сабабҳоиасосии рух додани садамаҳоро таҳлил кард. Таъкид гардид, ки аксариҳодисаҳои нохуш дар натиҷаи риоя нагардидани талаботи қоидаҳои бехатарӣ, иҷрои корҳои кӯҳӣ бе ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқшуда, суст будани назоратиистеҳсолӣ ва ҷалби кормандони беомодагӣ ба амал меоянд.
Сармутахассиси Нозироти давлатии назорати кӯҳӣ-техникии ХадамотАбдулло Абдухалил оид ба масъалаҳои бехатарии саноатӣ ва ҳуҷҷатгузориитехникӣ дар корхонаҳои истихроҷи тилло сухан карда, ба зарурати таҳияидурусти ҳуҷҷатҳои техникӣ, риояи нақшаҳои рушди корҳои кӯҳӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсони масъул таваҷҷуҳи иштирокдоронро ҷалбнамуд.
Сардори Нозироти давлатии назорати оқилона ва ҳифзи қаъри заминиХадамот Мирзошоҳ Нурзода масъалаҳои истифодаи оқилонаи сарватҳоизеризаминӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва пешгирии истифодаиғайрисамараноки қаъри заминро шарҳ дод.
Сардори Нозироти давлатии назорати геологии Хадамот ШарифхонПирназаров зимни баромади худ талаботи қонунгузорӣ ҳангомигузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар зуҳурот ва конҳои тиллоро тавзеҳдода, аҳаммияти риояи стандартҳои техникӣ ва геологиро дар таъминибехатарии истеҳсолот муҳим арзёбӣ намуд.
Сардори Нозироти давлатии назорати иншооти истеҳсолии хатарнокиХадамот Идигул Валиева оид ба тартиби бақайдгирии объектҳои истеҳсолиихатарнок дар Феҳристи давлатӣ, ӯҳдадориҳои истифодабарандагони чунинобъектҳо ва талаботи амалкунандаи қонунгузорӣ маълумоти муфассалпешниҳод кард.
Дар муҳокимаҳои семинар ба масъулияти роҳбарони корхонаҳо вамуҳандисону техникҳо дар самти ташкили назорати истеҳсолӣ, арзёбиихавфҳои истеҳсолӣ, омӯзиши мунтазами кормандон ва истифодаитехнологияҳои муосири назорати геотехникӣ диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки танҳо тавассути ташкили низоми самараноки идоракуниибехатарии саноатӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ метавон аз ҳодисаҳоинохуш пешгирӣ намуд.
Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома иштирокдорон саволу пешниҳодҳои худроиброз намуда, аз ҷониби мутахассисони Хадамот ба онҳо посухҳои мушаххасва тавсияҳои амалӣ пешниҳод гардиданд.
Дар ҷамъбасти семинар таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳоиомӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии роҳбаронумутахассисони корхонаҳо, тақвияти ҳамкории мақомоти назоратӣ босубъектҳои хоҷагидор, такмили низоми бехатарии саноатӣ ва таъмини иҷроиталаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дошта, ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва рушди устувори соҳаи кӯҳкорӣ мусоидатменамояд.
Маркази матбуот