Қадами нав дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Муғулистон дар соҳаи кӯҳкорӣ
21-уми июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух 12 санад, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва захираҳои минералии Муғулистон ба имзо расид.
Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва захираҳои минералии Муғулистон ба таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар самти бехатарии саноатӣ ва кӯҳкорӣ равона шудааст.
Ин санад мубодилаи таҷриба дар соҳаи назорати бехатарии истеҳсолот, такмили меъёрҳои техникӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳо ва омӯзиши мутахассисонро пешбинӣ менамояд. Ҳамчунин, он барои истифодаи таҷрибаи пешқадам, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди устувори соҳаи истихроҷи маъдан дар ҳар ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии фаъолияти саноатӣ ва кӯҳкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуот