21-уми июли соли 2026 дар шаҳри Роғун семинар-машварати техникӣ дар доираи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда дар мавзуи «Риояи талаботи бехатарии корҳо дар раванди сохтмони иншооти гидротехникӣ, назорати муомилоти маводи тарканда, иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо, инчунин бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар ҶСК “Неругоҳи барқи обии Роғун”” баргузор гардид.
Семинар дар доираи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда бо мақсади баланд бардоштани сатҳи риояи талаботи бехатарии саноатӣ, такмили татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ, инчунин пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ дар раванди сохтмон ва фаъолияти иншооти ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» баргузор карда шуд.
Дар кори семинар муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Аслонзода Олимшо масъулони Хадамот, намояндагони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун», мутахассисони соҳаи бехатарии саноатӣ, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, инчунин роҳбарону намояндагони ташкилоту корхонаҳои марбута иштирок намуданд.
Зимни семинар масъалаҳои муҳимми марбут ба таъмини бехатарии саноатӣ дар сохтмони иншооти гидротехникӣ, назорати муомилоти маводи таркандаи таъиноти саноатӣ, истифодаи иншооти борбардор, кранҳо, лифтҳо ва зарфҳои зери фишор коркунанда, инчунин бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, иштироккунандагон оид ба ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи якуми соли 2026 ба қайд гирифташуда ва масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар иншооти сохтмонии НБО «Роғун» маълумот пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, дар доираи рӯзномаи семинар масъалаҳои риояи талаботи бехатарии саноатӣ дар соҳаҳои кимиё ва металлургия, бехатарии саноатӣ ва ҳуҷҷатгузории техникӣ дар корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми истифодаи иншооти борбардор ва зарфҳои зери фишор, инчунин нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар рафти семинар таъкид гардид, ки НБО «Роғун» ҳамчун яке аз иншооти стратегии кишвар дар таъмини истиқлоли энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди саноатикунонии босуръати мамлакат ва рушди устувори иқтисоди миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, таъмини бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳо ва ҳодисаҳои нохуш, инчунин ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон аз вазифаҳои муҳимми мақомоти назоратӣ ва субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоб меравад.
Зимни муҳокимаи масъалаҳо ба зарурати риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ, таҳкими интизоми истеҳсолӣ, такмили ҳуҷҷатгузории техникӣ ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарону кормандони корхонаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми семинар таъкид гардид, ки таъмини бехатарии саноатӣ масъулияти муштараки мақомоти назоратӣ, роҳбарон, муҳандисон ва кормандони истеҳсолӣ буда, риояи дақиқи талаботи бехатарӣ барои фаъолияти устувор ва боэътимоди иншооти НБО «Роғун» аҳаммияти калидӣ дорад.
Маркази матбуот