Общая информацияНозироти давлатии назорати газ фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии шабакаҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии газ ва иншооти газӣ, нуқтаҳо ва дастгоҳҳои газтақсимкунӣ, нуқтаҳои газпуркунӣ ва истгоҳҳои газпуркунии автомобилӣ, дастгоҳҳои газии гурӯҳии зарфӣ ва дастгоҳҳои баллонии гази моеъ, газгузаронакҳо ва таҷҳизоти гази корхона, ҷамъият ва ташкилотхои саноатӣ, аграрӣ, коммуналӣ, ки аз газгузаронакҳои магистралӣ, шаҳрӣ ва дастгоҳҳои гази моеъ (пропан, бутан) газ мегиранд, ба ғайр аз дастгоҳҳои газистифодабарии сайёр, агрегатҳо ва таҷҳизоти гази биноҳои истиқоматӣ ва иншооти коммуналӣ - маишӣ, ки дар онҳо танҳо асбобҳои газӣ-маишӣ васл карда шудаанд, назорат мекунад.