16 июли соли 2026 дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF) директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Роҳбари Барномаи ҷавонони Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Рана Машҳуд Аҳмад Хон мулоқот анҷом дод.
Вохӯрии мазкур дар қароргоҳи СММ бургузор гардида, ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия, татбиқи технологияҳои муосир ва рушди сармояи инсонӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои рушди малакаҳои рақамӣ, омӯзиши зеҳни сунъӣ (AI), соҳибкории технологӣ, экосистемаи стартапҳо, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштараки омӯзишӣ барои ҷавонон равона гардид.
Дар анҷоми мулоқот таъкид гардид, ки густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ метавонад барои рушди устувори иқтисоди рақамӣ, таҳкими иқтидори ҷавонон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки технологӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.