Загрузка…
Санаи 19 июни соли 2026 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои коргузорӣ ва назорати электронии ҳуҷҷатҳои хизматӣ, инчунин истифодаи Низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ баргузор гардид. Дар семинар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.