Имрӯз дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз…
Имрӯз дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Руслан Раҷаб, муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Набизода Мадина Раҳмат ва дигар роҳбарони сохторҳои ҳудудии ноҳия ва фаъолону сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Сараввал муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Набизода Мадина Раҳмат суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, оромӣ ва фазои созандагӣ дар мамлакат таъмин гардидааст. Таъкид карда шуд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, барои таҳкими давлатдории миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам овард.
Сипас Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Руслан Раҷаб баромад намуда, сокинони ноҳияро ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, зикр намуданд, ки ҳифзу таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, маҳз дар фазои орому осудаи Ватан имконияти татбиқи ҳадафҳои созанда ва пешрафти ҷомеа фароҳам мегардад.
Баъди анҷоми суханрониҳо, дар вазъияти тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба як қатор кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ супорида шуд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ баҳри таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди босуботи кишвар ва ҳифзи арзишҳои муқаддаси Ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.