Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳри Исфара бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону…
Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳри Исфара бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе — Шарифи Бахтиёр, Раиси шаҳри Исфара — Шарифҷон Ҷумазода, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе — Раҳимзода Нурулло ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Исфара шинос гардида, ба сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони шаҳри Исфара бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳангу суннатҳои неки миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе — Раҳимзода Нурулло ба Раиси шаҳри Исфара — Шарифҷон Ҷумазода барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муаррифии дастовардҳои шаҳри Исфара дар пойтахти кишвар Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро тақдим намуд.
Бояд зикр кард, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат намуда, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.