Имрӯз дар ҶСП “Маркази савдои Истиқлол” (Бозори «Меҳргон») бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони ба Ватан бозгашта ва шахсони дар ҷустуҷӯи ҷойи кори муносиб ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод…
Имрӯз дар ҶСП “Маркази савдои Истиқлол” (Бозори «Меҳргон») бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони ба Ватан бозгашта ва шахсони дар ҷустуҷӯи ҷойи кори муносиб ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ярмарка мусоидат ба таъмин гардидани аҳолӣ бо ҷойҳои кори муносиб, баланд бардоштани сатҳи шуғлнокӣ, инчунин фароҳам овардани имконияти мустақим барои вохӯрии корҷӯён бо корфармоён ва интихоби мутахассисони мувофиқ ба талаботи истеҳсолот ва ташкилотҳо ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинии мазкур як қатор корхонаю ташкилот, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва хизматрасонӣ, инчунин марказҳои касбомӯзӣ иштирок намуда, ба довталабон доир ба ҷойҳои кории холӣ, шароити меҳнат ва имкониятҳои такмили ихтисос маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Зимни ярмарка муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Раҳимзода Нурулло Сайфулло ва намояндагони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муовини якуми директори Агентӣ - Садриддинзода Аврангзеб Бобоҷон иштирок ва суханронӣ намуда, аҳамияти чунин чорабиниҳоро дар самти коҳиш додани бекорӣ ва рушди бозори меҳнат муҳим арзёбӣ карданд.
Қайд гардид, ки баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ба таҳкими робитаи мустақими корҷӯён ва корфармоён мусоидат намуда, дар интихоби касб ва ҷалби мутахассисони соҳибихтисос нақши муҳим мебозад.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор шаҳрвандон имконият пайдо намуданд, ки барои кор дар ташкилоту корхонаҳои гуногун номнавис гардида, инчунин ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб карда шаванд.