Номгӯи мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи Раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ
1. Мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, маоши мансаби 3074,75 сомонӣ;
2. Сармутахассиси бахши коммуналии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маоши мансаби 2279,60 сомонӣ;
3. Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, маоши мансаби 1862,60 сомонӣ;
4. Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маоши мансаби 1529 сомонӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шавад:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ тибқи шакли замимаи 1-и фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ»;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УБ);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
- нусхаи шиноснома;
-маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ, (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ карданипарвандаҳои ҷиноятӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ:
Барои ишғолкунандагони мансаби категорияи маъмурии:
1. Мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – категорияи сеюм: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер;
- донистани забонҳои хориҷӣ.
2. Сармутахассиси бахши коммуналии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - категорияи панҷум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагири раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутси ва санадҳои меъёри ҳуқуқӣ;
- малакаи кор бо компютер;
- донистани забонҳои хориҷӣ.
3. Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - категорияи шашум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабиро таъмин карда метавонад;
- таҳсилоти олии касбӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер;
- донистани Конститутсия ва санадҳои меъёри ҳуқуқӣ;
- донистани забонҳои хориҷӣ.
4. Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ - категорияи ҳафтум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабиро таъмин карда метавонад;
- таҳсилоти олии касбӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер;
- донистани Конститутси ва санадҳои меъёри ҳуқуқӣ;
- донистани забонҳои хориҷӣ
Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат намоед ва ё бо телефони 221-28-56 занг занед.