Санаи 01.05.2025 дар Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон семинари минтақавии илмию амалӣ таҳти унвони «Ташхис ва пешгирии бемориҳои сироятии чорвою паранда дар шароити нави дигаргунии иқлим» баргузор гардид. Дар…
Санаи 01.05.2025 дар Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон семинари минтақавии илмию амалӣ таҳти унвони «Ташхис ва пешгирии бемориҳои сироятии чорвою паранда дар шароити нави дигаргунии иқлим» баргузор гардид.
Дар семинар мутахассисон аз ноҳияҳои гуногун, намояндагони соҳаҳои байторӣ ва кишоварзӣ, инчунин кормандони муассисаҳои илмӣ иштирок доштанд. Мақсади асосии чорабинӣ — табодули таҷриба, баррасии роҳҳои ташхис ва пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот дар шароити тағйирёбии иқлим буд.
Зимни чорабинӣ маърӯзаҳои илмӣ шунида шуда, оид ба мушкилоти мавҷуда, таҳдидҳои нави эпидемиологӣ ва зарурати таҳкими назорати байторӣ муҳокима сурат гирифт. Иштирокчиён пешниҳодҳои муфид карда, аҳамияти ҳамкории доимии байни идораҳо ва муассисаҳоро таъкид намуданд.
Дар охир, тавсияҳо ва қарорҳои мушаххас барои беҳтар кардани вазъи саломатии чорвою паранда ва пешгирии бемориҳо қабул карда шуданд.