Маросими Наврӯзи хуҷастапай бо ширкати кормандони Институти тибби ветеринарӣ, ва дигар муассисаҳои илмӣ Академияи илмҳои кишоварзӣ Тоҷикистон рӯзи 21-уми марти соли ҷорӣ дар саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор шуд. Наврӯз яке аз ҷашнҳои муҳим ва қадимии мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар радифи дигар идҳои мардуми тоҷик, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо шукуҳи хосса ҷашн гирифта мешуд. Наврӯз аз вожаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънои «рӯзи нав», «тоза», «рӯзи нахустин» мебошад. Ин рӯз таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки ифодагари эҳёи табиат ва наботот мебошад. Бояд таъкид кард,ки Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашариашро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад.
Наврӯз ва тамоми суннатҳои наврӯзӣ намунаи баланди одобу маърифат ва некию ҷавонмардӣ, хайрхоҳӣ, сулҳу нишот ва хушбахтии одамизод мебошад. Ҳангоми таҷлили Соли нав дар байни мардуми мо оростани суфраи «Ҳафтсин» маъмул, ки ба он ҳафт ашёи сарҳарфи номашон «син» дохил мешуд. Суфраи«Ҳафтсин» иборат аз себ, сир, сирко, сабзӣ, суманак, санҷид, сумоқ буда, ҳар кадомашон рамзу маъниҳо доштаанд. Баъзеҳо ба тақлиди «Ҳафтсин» суфраи «Ҳафтшин»-ро низ оро медоданд, ки фарогири шаҳд, шир, шароб, шакар, шамъ, шамшод ва шарбат буданд. Дар пайравӣ ба суннатҳои ниёгонамон муассисаҳои илмӣ Академияи илмҳои кишоварзӣ Тоҷикистон суфраҳои наврӯзӣ дар саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ороста, онро бо хурокҳои миллӣ: ҳафтсину ҳафтшин оро доданд.