Ҷашни Сада мисли ҷашнҳои дигари миллиамон, назири Наврӯз,Тиргон ва Меҳрагон яке аз ҷашнҳои муҳим ва бузурги мо ориётаборон маҳсуб мешавад, ки ҳар сол ин ҷашн дар кишвари азизамон бо шукуҳи хосса таҷлил мегардад. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ яке аз…
Ҷашни Сада мисли ҷашнҳои дигари миллиамон, назири Наврӯз,Тиргон ва Меҳрагон яке аз ҷашнҳои муҳим ва бузурги мо ориётаборон маҳсуб мешавад, ки ҳар сол ин ҷашн дар кишвари азизамон бо шукуҳи хосса таҷлил мегардад. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ яке аз мутафаккирони барҷастаи халқи тоҷик сада ба он хотир ном бурдаанд, ки то ҷашни Наврӯзи хуҷастапай 50 рӯз боқӣ мондааст. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» – и безаволи худ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат дода, мефармояд:
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Бояд гуфт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017 зикр гардида буд, : «Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Сада ба мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд». Тамоми шаҳрвандони кишвар, ба вежа , кишоварзонро ба ифтихори ҷашни Сада самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони кишвар сиҳатӣ, бахту саодат орзу менамоем.Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!