Кормандони Институти тибби ветеринарии АИКТ Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯзи 23- юми январи соли ҷорӣ мавриди омӯзиш қарор доданд. Кормандони институт зимни баррасии Паём таъкид карданд, ки Сарвари давлат барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.