Дараҷаи истеҳсол ва самаранокии иқтисодии истесоли шир ва маҳсулоти ширӣ, одатан аз иктидори генетикии пода вобастаги дошта, инчунин мавҷудияти шароити мувофиқ ба баландшавии самаранокии он мусоидат менамояд. Иктидори генетикии пода-ин нишондихандахои сифатҳои беҳтарини такрористехсолкунии модаговхо ва кобилияти баланди ба мерос додани хусусиятхои буққахои наслдех мебошад, ки ҳангоми такрористеҳсолкунӣ истифода бурда мешавад.
Солҳои охир дар селексияи чорвои калони шохдор, бештар ба хостагирӣ ва баҳо додани буққа аз рӯи сифати наслаш ва самаранок истифода бурдани буққаҳои - беҳкунанда диққат дода мешавад. Ахамияти чорабинии мазкур хамчун яке аз самтхои мухими корхои селексиони, инчунин баланд бардоштани нишондихандахои махсулнокии пода дар он аст, ки, ҳангоми бордоркунии сунъӣ хамаи ин нишондодхо аз кобилияти ба мерос додани хусусиятхои худ ва кобилияти бордоркунии буккаи наслдех вобастаги дорад.
Баҳо додани буккахои авлодҳои гуногуни чорвои калони шохдори зоти голштинӣ аз рӯи сифати наслашон ва таъсири онҳо ҳангоми офаридани зоти алои тоҷикии чорвои калони шохдор дар шароити Тоҷикистон.
Дар амалияи чорводорӣ як чанд усулҳои баҳо додани сифати зотии буққаҳои наслдеҳ мавҷуд аст. Усулҳои аз ҳама маъмул, ин усули муқоиса намудани маҳсулнокии ширии духтарон бо ҳамсолон ва модарон аст. Қайд кардан лозим аст, ки ин усулҳо низ дар навбати худ аз муваффақиятҳо ва камбудиҳо орӣ нестанд. Дар як вақт, ба ин усул низ нобоварӣ кардан мумкин аст, ки он асосан аз набудани огоҳи аз интихоби ҳамсолон, саршумори онҳо, маҳсулнокии миёнаи онҳо, ки дар асоси онҳо баҳодиҳӣ гузаронида мешавад.
Аз ин хотир дар бораи мувафақияти ягон усул фикрҳо ҳархелаанд. Аз тарафи мо алоқамандии маҳсулнокии духтарон ва модарон дар 305 рӯзи давраи аввали ширдӯшӣ муайян карда шудааст
Дар ширдӯшии духтарони буққаи Закат 531, дар 305 рӯзи ширдӯшии аввал, тағйирёбии ширдӯшӣ нисбатан паст буд ва ба 14,1 % баробар буд. Ин нишондод дар духтарони дигар буққаҳо аз 32,3 то 36,2 % мебошад. Тағйирёбии аз ҳама паст дар ширдӯшии модарони духтарони буққаҳои Зенит 139 ва Амулет 297 дида мешуд, ки аз 4,0 то 6,6 % баробар буд. Зариби коррелятсияи духтарон /модарон низ дар духтарони буққаи Закат 531 баланд буд ва ба 0,200/0,203 баробар буд. Ин нишондод дар духтарони буққаҳои Зенит 139 ва Амулет 297 нисбатан паст буд ва ба 0,063/0,061 ва 0,051/0,057 баробар буд.
Дар умум, бояд қайд намуд, ки ҳангоми баҳо додани буққаҳо аз рӯи сифати наслашон, таъсири модаронро низ фаромуш кардан лозим нест.
Чи хеле, ки аз натиҷаи баҳо додани дуҳтарони буққаҳо дида мешавад, дар байни буққаҳои авлоди Астронавт 199, аз ҳама буққаи беҳтарин буққаи Закат 531 мебошад. Ин буққа тавонист маҳсулнокии духтаронашро дар 305 рӯзи давраи ширдиҳӣ нисбати модаронашон 636 кг (Р ≥ 0,999) баланд бардорад. Духтарони ин буққа нисбати дуҳтарони буққаҳои Зенит 139 -2141,2 (Р ≥ 0,999) ва буққаи Амулет 297 – 1386 кг (Р ≥ 0,999), нисбати духтарони Атой 1140- 1076,1 (Р ≥ 0,999) ва духтарони буққаи Арбус 1499- 417,5 кг (Р ≥ 0,999) баланд бардорад.
Буққаҳои Зенит 139 ва Амулет 297 буққаҳои «пасткунанда»- и маҳсулот ба ҳисоб мераванд. Духтарони онҳо маҳсулнокии шириашонро нисбати модаронашон натавонистанд баланд бардоранд. Духтарони Зенит 139 нисбати модаронашон 1160,3кг (Р ≥ 0,999) ва духтарони Амулет 297 – 837,1 кг (Р ≥ 0,999)
Буққаҳои авлоди Семит 788 низ байни ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар байни ин буққаҳо буққаи аз ҳама беҳтарин буққаи Эрсон 967 буд. Давраи ширдӯшӣ, дар духтарони ин буққа аз ҳама кӯтоҳ ба 310, 2 рӯз баробар буд, ки нисбати дуҳтарони буққаи Азлик 614- 21,6 рӯз, духтарони буққаи Грек 817- 9,1 рӯз, духтарони буққаи Паркет 439- 21,7 рӯз ва нисбати духтарони буққаи Гром 939 – 38,0 рӯз кӯтоҳтар аст.
Дар ширдӯшии умумӣ дар ширдӯшии аввал, низ дуҳтарони буққаи Эрсон 967 пешсаф буданд. Дар ин давра аз онҳо 5896,5 кг шир дӯшида шудааст, ки нисбати духтарони буққаи Азлик 614- 1357 кг (Р≥ 0,999), нисбати духтарони буққаи Грек 817- 563 кг (Р≥ 0,999), нисбати духтарони буққаи Паркет 439- 2435,3 кг (Р≥ 0,999) ва нисбати духтарони буққаи Гром 939 – 2449 кг (Р≥ 0,999), бартарӣ доштанд.