Гулмоҳӣ – яке аз маводи нисбатан навтарини соҳаи моҳипарварӣ мебошад. Ин гурӯҳи моҳиҳо сарди дӯстдор буда, дар обҳавзаҳои табиии Тоҷикистон, паҳн шудаанд. Айни замон зиёда аз 16 хоҷагиҳои гулмоҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият дошта, ба тариқи сунъӣ насл мегиранд ва аҳолиро бо гӯшти гулмоҳӣ таъмин намуда истодаанд.
Табиати Тоҷикистон барои парвариши он мувофиқ буда, талабот нисбати гӯшти он рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Содироти онро ба дигар давлатҳо ба нақша гирифтаанд.
Дар кӯлҳову дарёҳои Тоҷикистон 5 намуди гулмоҳиҳо зист мекунанд аз он ҷумла: гулмоҳии амударёгӣ, гулмоҳии рангоранг, гулмоҳӣ иссиқкули гегаркунӣ гулмоҳии янтарӣ ва озодмоҳии аралӣ, ки шакли дарёие, ки дар обҳои ширин мутобиқ шуда шакли махсуси дарёгиро гирифтааст.
Шакли дарёгии ин намуд ба қатори озодмоҳиҳои шоҳона (бо ибораи Г.В.Никольский) - дохил мешавад. Мувофиқи маълумотҳо ин намуди моҳӣ аз баҳри Арал ғизо гирифта, барои гузоштани тухм ба болооби дарёҳои Вахш, Қизилсу, Панҷ мебаромаданд, зеро, ки тухми онҳо бояд дар оби салқин, софу зулол инкишоф ёбад. Шапошникова Г.Х. (1950) менависад, ки озодмоҳии аралӣ дар болооби дарёи Вахш шакли дарёгӣ пайдо кардааст. Вақти сохтани сарбандҳо дар дарёи Вахш, онҳо тамоман аз баҳри Арал канда шуданд ва дар ҳамон мавзеъҳо популятсияи мустаҳкам пайдо кардаанд. Дар вақти тухмгузорӣ ё ҷустуҷуи хӯрок онҳо баъзан ба обанбори Норак мефароянд. Соли 1979 моҳи октябр ба олимони ин соҳа муяссар шуд, ки ба селаи онҳо вохӯрданд ва зиёда аз 10 сари онҳоро дошта омӯзанд.
Андозаи онҳо то 1 метр ва вазнашон ба 14 кг мерасид. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, дар болооби баҳри Норак ва мавзеи Роғун вазни онҳо то 20-25-кг-ро ташкил медиҳад. Г.В.Никольский (1938,1971) навиштааст, ки дар дарёҳои Осиёи Миёна 2 зернамуди лососҳо зист мекунанд. 1.Гулмоҳии амударёгӣ – Salmo trutta oxianus Kessl. 2. Лососи аралӣ – S. trutta morpha fario Lin. Онҳо дар дарёҳои кӯҳии ин мавзеҳо васеъ паҳн гаштаанд. Мувофиқи маълумоти ихтиологи машҳур Г.Х.Шапошникова (1950), ки дар он солҳо дар Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронидааст, менависад: «Шакли дарёгии лососҳо – S.t. morpha fario Lin аз шакли арали-Salmo trutta aralensis Berg аз ҳамдигар куллан фарқ мекунад». Ин гуна намудҳои нодирро ҳифз кардан лозим ва аз онҳо бо роҳи сунъӣ моҳича гирифта дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳо сар додан лозим аст, чунки онҳо бо мурури замон тавассути шикори ғайриқонуни нест шуданашон мумкин аст. Гулмоҳии амударёгӣ дар қисми болооби дарёҳои кӯҳи Тоҷикистон: Вахш, Кофарниҳон, Варзоб, Зидеҳ, Камароб, Қаротоғ, Сорбо, Сардаи – миёна, Алмоси, Оби-кабуд, Оби-ясман, ва болооби дарёи Қизилсу (Тоҷикистон) дарёи Бамиан (Афғонистон), Ширкент, Сангардак шохоби Сурхандарё (Ӯзбекистон) ва дигар мавзеъҳои кӯҳӣ васеъ паҳн шудааст.
Бояд қайд намуд, ки парвариши гулмоҳиҳо дар Тоҷикистон пас аз солҳои 60-уми асри гузашта оғоз гардида, ба тариқи сунъӣ насл мегирифтанд. Дар марҳилаи аввали ташкили гулмоҳипарварӣ дар Тоҷикистон тухми бордоршудаи намудҳои парвариширо аз давлатҳои Россия, Франсия, Испания, ИМА, Дания меоварданд. Дар айни замон дар худи хоҷагӣ наслгирӣ аз моҳиҳои зотии класси «Элита»-и 1, ки 3–5 солаашон 1,5 ва 5 килограм вазн мегирад миқдори зарурии тухм ва кирминаҳо ба даст оварда мешавад.
Гулмоҳии тиллоии калифорниягӣ яке аз зернамудҳои гулмоҳии рангинкамон мебошад. Ин моҳӣ бо як қатор хусусиятҳои хоси худ аз гулмоҳии рангинкамон фарқ мекунад.
Гулмоҳии тиллоиро бори аввал Д. Джордан дар соли 1888 ва баъдан соли 1905 Б. Эверманн рӯйи кор овардаанд. Содироти вай аз қаламрави ИМА аз соли 1939 манъ карда шуда буд.
Гулмоҳии тиллоӣ аз дигар зернамудҳои рангинкамон бо ранги баланди тиллоии бадан фарқ мекунад, ки вобаста аз муҳити экологӣ тағйир меёбад. Дар соли аввали зиндагӣ дар вай ранги нуқрагуни хокистарӣ ва зарди лимугӣ хос аст. Дар атрофи бадан аз 8 то 14 доғҳои кундаланги хокистарӣ дорад. Дар қисми тахтапушти баданаш доғҳои сиёҳи ба суйи дум равона гашта дида мешавад. Болҳои шиновариаш шаффофи сафеданд. Дар давраи тухммонӣ ранги баданаш равшану баланд мегардад.
Ин моҳӣ ба обҳои сарди дарё ва кӯлҳои кӯҳӣ, мутобиқ ба ҳарорати пасти об, миқдори зиёди оксигени дар об ҳалшуда мебошад. Ҷойҳои соя-салқинро мепарастад. Ҳарорати оптималии барои парвариши 14-16°С буда, локин дар ҳарорати 1-25°С зиста метавонанд. Тухммонии гулмоҳиҳо дар ҷойҳои зисташ аз баландии маҳал нисбат ба сатҳи баҳр, шиддати зимистон, аз ҳарорати манбаи об вобаста мебошад.
Ин амал инчунин аз ҳарорати об вобаста буда, ба моҳҳои март–август рост меояд. Тухммонӣ бо ҳарорати 11°С оғоз ёфта, асосан дар 13°С мегузарад. Фаъолияти баландии тухммонӣ дар нимаи дуюми рӯз дар мавриди офтоби баланд бо ҳарорати 16-18°С мушоҳида мегардад. Фардҳои болиғи нарина бо дарозии 10-13 см бадан ба балоғат мерасад.
Дар шароити табиӣ фардҳои модина дар зери сангмайдаҳо тухм гузошта онро мепушонанд. Тухмгузорӣ бо таносуби ҷинсии 1:5 ба таври доимӣ бо ақалияти фардҳои нарина ва талоши онҳо мегузарад. Одатан, тухммонӣ бо ҳарорати об 15°С ба амал омада, то 21°С давом мекунад.
Дар шароити табиӣ ин намуди моҳиҳо ҳамахӯр ҳастанд яъне дарандаҳо, он моҳичаҳоро истеъмол мекунанд. Аммо дар шароити парвариши сунъи хӯрокиро аз хориҷа дастрас мекунанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо супоришу дастгириҳои Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон таваҷҷуҳи хосса ба ин соҳа дода сол аз сол ин соҳа тараққӣ карда истодааст.
Хулоса. Гулмоҳипарварӣ – ин моҳиҳо сокинони обҳои хунук (сард) буда, дар обҳавзаҳои табиии Тоҷикистон, асосан дар шохобҳои дарёҳои кӯҳӣ вомехӯрад. Бо тариқи сунъӣ парвариши он васеъ ба роҳ монда шуда, аз он бо тариқи сунъи насл мегиранд, инчунин технологияи коркарди гӯшти онро ба роҳ мондаанд.
Маълумот оид ба муаллифон
Шамсиддинов Фаррух Абдуқодирович–мудири шуъбаи моҳипарварӣ ва харгӯшпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ. 734067: Тоҷикистон ш.Душанбе, Гипразем 17.