https://www.facebook.com/groups/850682444591296
Имрӯз, 31 марти соли 2026, дар Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКТ ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Директори муассисаи давлатӣ, доктори илмҳои ветеринарӣ Абдуллоев Азизулло Одилович, зимни суханронии табрикотии худ ҳозиринро ба муносибати фарорасии Наврӯз самимона муборакбод намуда, ба ҳамагон саломатӣ, бурдбориҳо ва дастовардҳои нав орзу намуданд.
Дар доираи чорабинӣ дастархони миллии Наврӯзӣ бо ороиши ҳафтсину ҳафтшин ва сумалаки рамзӣ густурда шуда, фазои идонаро боз ҳам рангорангтар гардонд.
Ҳамчунин, ҳофизаи хушовоз Мукаррама Шарипова бо иҷрои сурудҳои дилнишини идона хотири ҳозиринро болида гардонида, ба чорабинӣ рӯҳу таровати хоса бахшид.
Ҷашни Наврӯз дар фазои дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ифтихори миллӣ бо шукуҳу шаҳомати баланд баргузор гардида, барои ҳамаи иштирокдорон як рӯзи фаромӯшнашаванда гардид.
Мудири шӯъбаи иттилоот машварат ва дастовардҳо илмӣ ИМАББ
Идиева Шаҳло.