Боиси ифтихору шарафмандии аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар ин чорабинӣ вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ ширкат намуданд. Қабл аз оғози барномаи консертӣ дар толори барҳавои бинои Вазорати фарҳанги…
Боиси ифтихору шарафмандии аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар ин чорабинӣ вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ
ширкат намуданд.
Қабл аз оғози барномаи консертӣ дар толори барҳавои бинои Вазорати фарҳанги Давлати Қатар намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти гуногуни нонӣ, меваҷот, оши палав, номгӯи обҳои истеҳсоли Ватанӣ, намоиши мусаввараву аксҳо, ки таъриху фараҳанг, урфу одат, дастовардҳои замони Истиқлолро бозгӯӣ менамоянд, ба сокинон ва меҳмонони Давҳа пойтахти Давлати Қатар намоиш дода буд.
Дар толори консертии Вазорати маҳкур маросими ифтитоҳи рӯзҳо сурат гирифт, ки дар ибтидо вазири
фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода суханронӣ намуда, доир ба муносибатҳои дӯстона ва гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қатар ибрози ақида намуда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди робитаҳои ду кишвари дӯст муҳим арзёбӣ намуд.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон ансамбли созҳои миллӣ, ансамблҳои давлатии “Лола” ва “Парасту” меҳмонони олимақом ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Давҳаро бо намудҳои гуногуни рақсу сурудҳои марғубу дилнишин ба ваҷд оварданд.
Дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар соҳаи фарҳангу санъат ҳавасамандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни муассисаҳои таълимӣ, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба изҳори назар намуданд.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар идома дорад.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон