Дар Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов Ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифа барои соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода , намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидиён Орзу, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони зерсохторҳои Вазорати фарҳанг дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.