Дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Маркази нави фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти муҳими фарҳангӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, , муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли фарҳанг ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Маркази фарҳангии деҳоти Палдорак ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин бунёд гардидааст. Корҳои лоиҳакашии иншоот ҳанӯз соли 2013 оғоз шуда, марҳилаи асосии сохтмони он соли 2016 шуруъ гардидааст. Иншоот бо маблағгузории Вазорати фарҳанг сохта шуда, пудратчии он Муассисаи давлатии Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат, таъмир ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Масоҳати умумии бино 610 метри мураббаъ буда, он аз ду ошёна иборат аст. Марказ дорои 19 ҳуҷраи кории барҳаво ва замонавӣ мебошад. Дар он шароити мусоид барои баргузории маҳфилҳои рубобнавозону доиранавозон, шашмақомсароӣ, рассомӣ ва ҳунармандӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи якум толори рақс, студияи сабти овоз, нуқтаи нигоҳдории либоси ҳунармандон ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир буда, ҳамзамон толори намоишӣ бо 200 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи дуюм китобхона, утоқи директор, ҳуҷраҳои ҳунарҳои мардумӣ, рассомӣ, дӯзандагӣ ва дигар бахшҳои ҳунармандӣ ҷойгир шудаанд.
Пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои Марказ, дар толори он бо иштироки меҳмонон ва аҳли ҳунар барномаи рангини консертӣ баргузор гардид.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бунёди Маркази фарҳангиро намунаи равшани сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки тавассути чунин иншоотҳо анъанаҳои миллии мардум ҳифз ва эҳё гардида, ба наслҳои оянда мерос гузошта мешаванд. Ҳамзамон вазири фарҳанг зикр намуд, ки фароҳам овардани чунин шароити замонавӣ дар деҳот далели таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ба рушди фарҳанг, дастгирии аҳли ҳунар ва ғанӣ гардондани ҳаёти маънавии аҳолӣ мебошад.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ифтитоҳи Маркази фарҳангиро рӯйдоди муҳим дар ҳаёти фарҳангии деҳоти Палдорак арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки чунин иншоотҳо дар рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба фарҳанг ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши муассир доранд.
Муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ низ дар суханронии худ ифтитоҳи Маркази фарҳангии деҳоти Палдоракро қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоиву фарҳангии вилоят арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки бунёди чунин иншоотҳо дар деҳот заминаи боэътимод барои таҳкими ҳаёти маънавии ҷомеа, тарбияи зебоипарастӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ фароҳам меорад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Маркази навбунёд ба макони баргузории чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ табдил ёфта, дар таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангии сокинони ноҳия нақши муассир хоҳад гузошт.
Дар идомаи чорабинӣ собиқадори соҳаи фарҳанг Шодибек Усмонов суханронӣ карда, аз дастгирии пайвастаи соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти аҳли фарҳанг изҳори сипос намуд.
Айни замон дар тавозуни бахши фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ 1 адад Қасри фарҳанг, 1 адад Филармонияи халқӣ, 1 адад хонаи фарҳанги шаҳрак, 4 адад хонаи фарҳанги деҳот, 2 адад клуб, 3 адад коллективи халқӣ, 1 адад мактаби бачагонаи санъат, боғи фарҳангии «Тоҷикистон», китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, 17 адад филиал-китобхонаҳои деҳот ва боғи фарҳангу истироҳат фаъолият менамоянд. Дар ин муассисаҳои фарҳангӣ дар маҷмуъ 176 нафар корманд, аз ҷумла 28 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 21 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 56 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 73 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ ба кор ҷалб гардида, фаъолияти мунтазам доранд.