Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарият бо ЯРИН ВЯЧЕСЛАВ ЮРЬЕВИЧ - вазир оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷии вилояти Свердловски Федератсияи Россия доир гардид.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо вобаста ба мубодилаи таҷриба дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ — фестивалҳои тобистона, озмунҳо, баррасии имкониятҳои таълимии Донишкадаи давлатии театралии Екатеринбург, таҳияи барномаҳои мақсадноки магистратура барои тайёр кардани кадрҳои эҷодӣ, амалисозии дастгирии методӣ дар самти тайёр кардани омӯзгорон дар соҳаи таҳсилоти театрӣ — низоми бозомӯзии касбӣ, мастер-классҳо, магистратура ва дигар самтҳои соҳаи фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон