24-уми ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири фарҳанг- Сатториён Матлубахон Амонзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба корҳои сиёсӣ Маҷиди Тахтравончӣ сурат гирифт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили мухталифи равобити фарҳангӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори назар карданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон