Панҷумин симпозиуми байналмилалии Фалак дар мавзуи «Фалак ва Истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ» Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд»…
Панҷумин симпозиуми байналмилалии Фалак дар мавзуи
«Фалак ва Истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ»
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» рӯзҳои 15-16-уми октябри соли 2025 панҷумин симпозиуми байналмилалии Фалак дар мавзуи «Фалак ва Истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ»-ро баргузор менамояд. Олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯён ва дӯстдорони мусиқии миллии тоҷикӣ – Фалакро барои иштирок дар ин ҳамоиши муҳими илмӣ-фарҳангӣ даъват менамоем.
МУШАХХАСОТИ ЧОРАБИНӢ
· Сана:чоршанбе, 15-уми октябри соли 2025, Симпозиуми байналмилалӣ;
· Сабти ном: 8:00;
· Оғози ҷаласаи ифтитоҳӣ:Соати 10:00;
· Макон:МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН» (ш. Душанбе, кӯчаи Теҳрон-5);
· Шоми фалакхонӣ: 15-уми октябри соли 2025, соати 17:00, толори калони Консерваторияи миллӣ;
· 16-уми октябри соли 2025, соати 15: 00 - ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАЛАК-2025, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ.