Рӯзҳои 2-3 октябри соли 2025 ҷаласаи XXII-уми ҳайати доварони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ ба тариқи маҷозӣ баргузор гардида, дар он намояндагони вазоратҳои фарҳанг ва палатаи китобҳо аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Беларус ва Қирғизистон ширкат намуданд.
Ба озмун ноширони кишварҳои ширкаткунанда аз рӯи номинатсияҳои «Иттиҳод», «Ватани ман», «Муколамаи фарҳангҳо», «Китоб барои кӯдакону наврасон», «Илм ва маориф», «Китоби мусаввар», «Санъати тасвирсозӣ», «Дар Иттиҳод нашр шудааст» ва «Шоҳҷоиза» китобҳои худро пешниҳод намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба Озмуни мазкур теъдоди муайяни китобҳои ноширони Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Дар номинатсияи «Муколамаи фарҳангҳо» китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», инчунин дар номинатсияи «Ватани ман» китоби Энсиклопедияи миллии Тоҷик «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Энсиклопедияи миллии тоҷик омода гардидааст, сазоври ҷойи якум дониста шуданд.
Дар ин зимн, дар номинатсияи «Санъати тасвирсозӣ» Донишнома барои кӯдакон ва наврасон « Сайёраи замин» ва дар номинатсияи «Китоб барои кӯдакону наврасон» маҷмӯаи асарҳо барои фортепиано «Савту навоҳои тоҷикӣ» (муаллифон Ф. Қосимова ва Ҷ. Умаров) сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд.
Ҳамзамон, дар номинатсияи «Иттиҳод» Донишномаи мухтасари бузургони форс тоҷик (муаллиф Н. Амиршоҳӣ) ғолиби ҷойи сеюм дониста шуд.
Дар маҷмӯъ ноширони Тоҷикистон дар ин озмуни байналмилалӣ соҳиби 5 ҷоиза ва мақоми ифтихорӣ гардиданд.