Бахшида ба "Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ" бо ибтикори Маҳфили маърифатӣ- фарҳангии назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Дар оғози чорабинӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода вобаста ба сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва шахсиятҳои бузурги таърихии миллати точик, инчунин моҳияти фалсафию ахлоқии ашъори Мавлоно суханронӣ намуданд
Маҳфилорои чорабинии фарҳангӣ Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Умар Темур, ҳунармандони Театри давлатии академӣ драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии тамошобини ҷавони "Аҳорун" буданд.