Санаи 17 ноябр намоишномаи "Бозгашт" аз ҷониби ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар , дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии "Таҳлил" ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ гардид. Ин намоишнома баҳри пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ки хусусиятҳои террористию экстримистӣ доранд, дар толори коллеҷи оташнишонии ноҳия ба намоиш гузошта шуд.