Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар нимсолаи якуми соли 2026 ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ, аз ҷумла таъмини истифодабарандагон бо оби полезӣ, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ корҳои муайянеро анҷом додаанд.
Дар ин давра идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар майдони 502866 гектар бо 62062 истифодабарандагони об шартномаи додугирифти обро ба имзо расонида, ба онҳо дар ҳаҷми 1 млрд. 774,3 млн. метри мукааб об бо арзиши 84,9 млн. сомонӣ хизмати обрасонӣ намудаанд.
Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 33,4 млн.сомонӣ (нисбати соли гузашта 5,5 млн. сомонӣ зиёд) ё ин, ки 39 фоизи арзиши оби додашуда пардохт карда шудааст.
Бо вуҷуди аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар бобати бо оби полезӣ таъмин намудани истифодабарандагон пурра иҷро кардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби истифодабарандагон, хусусан кишоварзон ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт карда намешавад, бо ин сабаб қарзҳо аз ин ҳисоб афзоиш ёфта, бақияи он бо дар назардошти солҳои пеш 402,9 млн. сомониро ташкил менамояд, ки ин дар навбати худ боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла қарзи суғуртаи ичтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо гардидааст.
Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботи ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 56,2 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин ба фоидаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 25,3 млн. сомонӣ рӯёнида шудааст, боқимонда ба маблағи 30,9 млн. сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор доранд.
Дар мавсими обёрии соли 2026 тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифодаи то 7,1 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз то 360 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва то 62 адад чоҳҳои амудӣ кор карда кишоварзонро бо оби обёрӣ таъмин намуданд.
Дар ин давра бо истифодаи 391,4 млн. кВт/соат нерӯи барқ (нисбати соли гузашта 60,2 млн. кВт/соат кам), 1 млрд. 453,6 млн. метри мукааб (нисбати соли гузашта 218,9 млн. метри мукааб кам) об бароварда шудааст. Арзиши барқи истифодашуда 58,2 млн. сомонӣ ва пардохти он 17,2 млн. сомониро ташкил менамояд.
Хароҷоти хоси нерӯи барқ барои баровардани 1 метри мукааб об дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 0,269 кВт/соатро ташкил дод.
Қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар назди ҶСК “Барқи Тоҷик” 313,2 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки сабаби асосии пайдоиш ва болоравии қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар назди ҶСК “Барқи Тоҷик” пайваста баланд гардидани тарифҳои нерӯи барқ мебошад.
Барои иншоотҳои сохтмони асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамарказ 23,3 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, ба рӯйхати иншоотҳои сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ азхудкунии 40 гектар заминҳои нав, беҳтар намудани таъминоти оби 1060 гектар заминҳо, парма намудани 10 адад чоҳи амудӣ ва ба дарозии 0,81 км гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барои иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ 7,2 млн. сомонӣ маблағ азхуд карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Айни замон дар соҳа панҷ Барномаҳои давлатии соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд, ки дар доираи он соли ҷорӣ ба маблағи 497 млн. 486 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида мешаванд.
Аз ҷумла, тибқи нақша чорабиниҳои “Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2026 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 18076 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 22,2 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ба маблағи 5,2 млн. сомонӣ ҳолати мелиоративии 4440 гектар заминҳо беҳтар гардонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар доираи “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар соли 2026 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 82,1 млн. сомонӣ ба дарозии 31497 метр пешбинӣ карда шудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 33,8 млн. сомонӣ ба дарозии 37259 метр ё ки 118 фоизи нақша корҳо иҷро гардида, корҳо идома доранд.
Бо дар назардошти афзоиши аҳолӣ ва таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат, васеъ намудани майдони заминҳои нави обёришаванда ва пешгирии раванди аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корами обёришаванда тавассути сохтмон, барқарорсозӣ ва азнавсозии иншоотҳои гидротехникӣ васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда дар доираи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”, соли ҷорӣ азхуд намудани 2820 гектар заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 1119 гектар заминҳои бекорхобида ба нақша гирифта шуда, дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳо корҳо барои азхудкунии 416 гектар заминҳои нав ва барқарорсозии 344 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда идома доранд ва аз рафти иҷрои он тибқи тартиби муқарраргардида иловатан ахборот пешниҳод карда мешавад.
Дар доираи “Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, соли равон иваз намудани таҷҳизотҳо, таъмир ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 194,0 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои институтҳои молиявӣ, созмонҳои байналмилалӣ, маблағҳои буҷетӣ ва сарчашмаҳои дигар ба маблағи 65,9 млн. сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуда, корҳо идома доранд.
Дар доираи “Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024,№ 327 қабул гардидааст, соли ҷорӣ аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 64,3 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 15,6 млн.сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуда, корҳо идома доранд.
Барои дастгирии соҳа дар назди Агентӣ 5 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 179,7 млн. доллари ИМА фаъолият намуда истодаанд, аз ҷумла лоиҳаҳои “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон”, “Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш” “Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон”, “Азнавсозии низоми обёрӣ” ва “Рушди обёрӣ дар ноҳияи Панҷ” татбиқ шуда истодаанд.
Азхудкунии маблағҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 16,9 млн. доллари ИМА ё худ 103% нақшаи шашмоҳаро ва аз аввали татбиқи лоиҳа 85,9 млн. доллари ИМА ё худ 103%-и нақшаи давравиро ташкил медиҳад.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади устувор намудани фаъолияти АИО корҳои фаҳмондадиҳиро бурда истодаанд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 240 адад АИО фаъолият менамояд, ки ба 499,5 ҳазор гектар ё ин ки тақрибан 66 фоизи заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонад.
Дар мувозинаи корхонаҳои зертобеи Агентӣ 779 адад техникаҳои гуногунтамға мавҷуд мебошад, ки 226 адади онро муҳлати истифодабариашон гузашта ва корношоям гардидаанд. Айни замон танҳо 553 адади техникаҳои гуногунтамға коршоям мебошанд.
Бо истифода аз техникаҳои мавҷуда дар давраи ҳисоботӣ барои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва дигар чорабиниҳои дахлдор дар ҳаҷми 2273,1 ҳазор м3 корҳои заминӣ иҷро карда шуда, ба воситаи 72 адад нақлиёти боркаш 12302,1 ҳазор тонна масолеҳҳои гуногуни лозима ба маконҳои муайянгардида кашонида шудааст.
Дар давраи ҳисоботи барои ба низом даровардани корҳои назоратӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш оиди муҳофизати меҳнат, ҳаракати роҳ, техникаи бехатарӣ ва муҳофизат аз сӯхтор нақшаи чорабиниҳо ва фармону дастурамалҳои Агентӣ ба идораю корхонаҳои зертобеъ равона карда шуда, иҷрои он таҳти назорати қатъӣ гирифта шудааст, дар ин давра ягон ҳодисаи нохушӣ истеҳсолӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ шумораи кормандони соҳа 5384 нафарро ташкил дода, аз он дар соҳаи истифодабарӣ 5318 нафар ва дар сохтмон 66 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёнаи моҳонаи кормандон дар ин давра 1410 сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботи ҷиҳати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” тадбирҳои мушаххас андешида шуда, аз 12 адад арзу шикоятҳои шахсонӣ ҳуқуқӣ, 74 адад шахсони воқеӣ ва 3 адад муроҷиатҳои шифоҳии ба Агентӣ воридгардида, 82 адади он ҳалли худро ёфта, 7 адади он дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Қабули шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муроҷиати онҳо аз ҷониби кормандони масъули Агентӣ дар доираи салоҳият ва ваколат арзёбӣ карда мешаванд.
Дар ин давра ба дастгоҳи марказии Агентӣ 632 адад аснод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, қисмати зиёди онҳо ба иҷро расонида шудаанд.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди назар қарор дошта оид ба иҷрои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Дар ин муддат аз ҷониби дастгоҳи марказии Агентӣ оид ба иҷрои аснод ба ташкилотҳои болоӣ ва корхонаву идораҳои зертобеъ 1211 адад аснод ва 58 адад фармоишҳои қабулгардидаи Агентӣ ирсол карда шудааст.
Вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ дар нимсолаи дуюми соли 2026 таъмини мӯътадили обистифодабарандагон бо оби обёрӣ, аз худ кардани 2820 га замини нав, барқарорсозии 1119 га заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои корами обӣ дар майдони 13632 гектар ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ марбут ба об ва эмин нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои хоҷагии халқ мебошанд.
Маркази матбуотӣ.