Дар Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти семинари омӯзишӣ барои кормандони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Коррупсия: мушкилиҳо ва роҳҳои муқовимат» доир гардид.
Чорабиниро ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академия Ҷамшед Рашидов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати иштироки фаъолона ва хатми курси кутоҳмуддат табрик намуд. Қайд гардид, ки мубориза бо коррупсия самти асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ буда, натиҷаи самараноки он боиси тақвият ёфтани фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии кишвар мегардад.
Дар идома аз ҷониби ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академия Ҷамшед Рашидов ба иштирокчиёни семинар гувоҳномаҳо тақдим карда шуд.