Санаи 20 апрели соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи корӣ оид ба бунёди маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муҳандисону мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” - намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, идораҳои заминсозӣ, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ ва корез, меъморӣ, андоз, оташнишонӣ, истиқоматкунандагони маҳаллаҳои гирду атрофи иншооти корӣ ва кормандони ширкати сохтмонии “Ҷинҷер Софреко” ва “БАРС Консалтинг” ки ба сохтмони маркази агрологистикӣ ҷалб гардидаанд иштирок намудан.
Сараввал чаласаро муовини раиси вилоят муҳтарам Мирзозода Мусо, ифтитоҳ намуда, оид ба омодагиҳо аз раванди корҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори таҷлили 35 - солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуданд.
Сипас Раъно Раҳматова сармутахассис оид ба масоили иҷтимоии муассиса доир ба дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ, манфиати марказҳои агрологистикӣ ба аҳолӣ ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ баромад намуд.
Дар рафти ҷаласа муҳандисони ширкати мазкур ҷиҳати амалисозии лоиҳаи бунёди маркази агрологистикӣ тавассути рунамо баромадҳои пурмуҳтаво намуда, нақшаҳои кории худро пешкаши ҳозирин намуданд. Иштирокчиёни чорабинӣ роҷеъ ба ифтитоҳи маркази агрологистикӣ суханрониҳо намуда, ба масъулин саволҳо пешниҳод карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби муовини раиси вилоят ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаҳои дарпешистода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.