Либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори миллатҳои мухталифи дунё ба ҳисоб меравад. Либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагон буда, аз давраҳои қадим то ба имрӯз зебоӣ ва назокату нафисии худро гум накардааст ва минбаъд низ аз байн нахоҳад рафт.
Таърих гувоҳ аст, ки занон – модарони шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доранд.
Либоси миллӣ ҷузъи муҳим ва намоёни фарҳанги ҳар як миллат аст, ки таърихи тӯлонӣ ва решаҳои амиқ дар зиндагии мардум дорад. Либосҳои миллӣ на танҳо зебоӣ ва ҳунари мардумиро инъикос мекунанд, балки нишонаи ҳувияти миллӣ ва суннатҳои қадимии як қавм мебошанд. Либосҳои миллии тоҷикон низ бо рангҳои дилкаш, нақшҳои зебо ва хусусиятҳои нодири худ аз фарҳанги бойи ин мардум шаҳодат медиҳанд.
Ҳар минтақаҳои Тоҷикистон либосҳои хоси худро доранд, ки он бо рангу нақш, намуд ва тарзи дӯхт фарқ мекунад. Аз давраҳои қадим, либосҳои тоҷикӣ на танҳо барои пӯшидан, балки барои нишон додани мақоми иҷтимоии шахс, вазъи оилавӣ ва синну сол низ истифода мешуданд. Он на танҳо як василаи пӯшиш, балки як асари ҳунарӣ ва ифодагари рӯҳи миллии тоҷикон мебошад. Нигоҳдошти ин либосҳо ва муаррифии онҳо ба ҷаҳониён барои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва рушди фарҳанги тоҷикон аҳамияти зиёд дорад.
Кормандони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо либоси миллии тоҷикона ифтихорманд буда, пайваста либосҳои миллии тоҷиконаро ба бар менамоянд.