«Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли наврӯз, меҳргон ва сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз, эй хуҷастатарин рӯзи рӯзгор,
Наврӯз, эй баробарии рӯзу шаб, дуруд!
Эй ҷашни офтобии пирӯзии фурӯғ,
Дар сарзамини дойирабазми куҳан суруд!
Ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай санаи 18.03.2026 дар Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» бо иштироки кулли кормандон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади тантанавиро директори муассиса муҳтарам Далер Саторӣ Абдумансур ҳусни оғоз бахшида, ба ифтихори «Наврӯзи оламафрӯз» аҳли кормандонро дар ин рӯзҳои пурфараҳи баҳорӣ шодию нишоти наврӯзӣ, саодатмандию сарбаландӣ ва комёбиҳои шоёни меҳнатиро таманно намуданд.
Ҳамчунин иброз доштанд; ки Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашн ба ҳисоб рафта, табиат ва инсон аз он нерӯи тоза пайдо карда, дилу дидаҳо ба ҳам меоянд, некиву накӯкорӣ, амалҳои хайру савоб, рисолати фарҳангу маърифат ва ниҳоят ваҳдату ҳамгироӣ дастболо мегардад.
Боиси ифтихори беандоза аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзи аҷдодӣ умри дубора ва мақоми ҷаҳони гирифта, таъриху арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ намуд.
Наврӯз ҷашнест, ки дилҳоро ба илҳому офарандагӣ, созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Наврӯз чун дафтари дурахшони иқболи мо ба тамоми аҳли башар муаррифӣ гашта, чун ҷашни умумибашарӣ ва ҷашни ваҳдату ҳамбастагии инсоният пазируфта шуд.
Бигзор Наврӯз бо манзалати ҷаҳониаш, бо русуми аҷдодиаш, қалбҳои пурнур, шаҳомати бахтро фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароятон мушарраф гардонида, дар хотираи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи хиради бузурги гузаштагони некноми мо ва чун зеботарин ҷашни башарӣ то ҷовидон боқӣ монад.
Сипас ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи оламафрӯз аз ҷониби ровиён барномаи театркунонида эълон гардид. Барномаи театркунонида, ки таҷассумгари расму оийинҳои хоси наврӯзӣ буд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбари муассиса ба ҳозирин таманниёти нек намуда қайд намуданд, ки бигзор Наврӯзи хуҷастапай ба Шумо ва аҳли мардуми шарафманди кишвари азизамон саодату хушрӯзӣ, тансиҳатии комил, оромиши қалб ва баракати рӯзгорро ато намояд.