Санаи 12 - уми марти соли ҷорӣ дар толори бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Данғара ҷаласаи омӯзишӣ оид ба “Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати солимнигоҳдории ҷомеа” баргузор гардид.
Сараввал сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ Саломиддин Гурезов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ намуд.
Сипас корманди Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Ёқубҷон Уроқов иброз дошт: Ғизо муҳимтарин омили тандурустӣ, некуаҳволӣ, равнақи кору зиндагии инсон буда, дар рушди бадан ба вуҷуд омадани ҳуҷайраву бофтаҳо, таъмини ҷисм бо моддаҳои зарурӣ, пайдоиши ҳормонҳо, ферментҳо ва дигар равандҳои мубодила лозим аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи солимии ҷомеа, амнияти озуқаворӣ ва беҳдошти ғизо таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул ва татбиқ менамояд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмин намудани дастрасии аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии ғанигардонидашуда» муносибатҳоро дар самти пешгирии норасоии микронутриентҳо танзим менамояд.
Ҳамзамон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 - юми сентябри соли 2021, №415 «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2027» ба тасвиб расида, татбиқи он ба беҳтар гардидани вазъи ғизоӣ ва коҳиши сатҳи бемориҳои вобаста ба камғизоӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин ҷиҳати амалӣ гардонидани қонуни мазкур Муассисаи давлати “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар доираи зерқисмати 3.4 -и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” дар миқёси кишвар чорабинии омӯзишӣ дар мавзӯи “Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати солимнигоҳдории ҷомеа” давра ба давра баргузор гардида истодааст, ки чорабинии имрӯза далели он мебошад.
Дар рафти ҷаласа Тағойзода Тоҷиддин — директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар н.Данғара оид ба “Ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ дар пешгирии норасоии микроэлементҳо ва таҳкими саломатӣ” тавассути рунамо баромадҳои пурмуҳтаво намуд. Ӯ иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳони имрӯза норасоии витаминҳо ва моддаҳои минералӣ бештар ба назар расида, истеъмоли нокифояи микронутриентҳо бо ғизо яке аз мушкилоти бархе аз кишварҳои мутараққӣ ба ҳисоб меравад.
Бисёр кишварҳои ҷаҳон мушкилоти норасоии витамину минералҳоро тавассути ғанӣ гардонидани маҳсулоти хӯроквории серистеъмол ҳал намуда истодаанд. Дар ҷумҳурии мо низ ин матлабро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта барои ғанигардонии навъи олӣ ва якуми орди гандумӣ ва йодноккунонии намаки ошӣ ки маҳсулоти серистеъмол дар миёни аҳолиамон маҳсуб мегардад то имрӯз як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Дар рафти ҷаласа сармутахассис оид ба тандурустӣ ва ғизои Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Зарина Абдулаева ба сухан баромада, қайд намуд, ки саломатии инсон аз ғизои дуруст ва мутавозин вобастагии зич дорад. Дар шароити ҷаҳони муосир норасоии витаминҳо ва моддаҳои минералӣ (микронутриентҳо), аз ҷумла оҳан, йод, кислотаи фолий ва дигар унсурҳои муҳим, ҳамчун яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ эътироф гардидааст.
Камғизоӣ ва норасоии микронутриентҳо метавонанд ба пастшавии қобилияти зеҳнӣ, коҳиши масъунияти организм, зиёдшавии бемориҳои гуногун фавти модарон ва кӯдакон ва паст гардидани қобилияти меҳнатӣ оварда расонанд.
Бо дарназардошти ин омилҳо, ғанигардонии маҳсулоти серистеъмол, аз ҷумла орди гандум ва йодноккунии намаки ошӣ, ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии норасоии микронутриентҳо дар сатҳи миллӣ татбиқ гардида истодааст. Орди гандум ва намак дар сабади истеъмолии ҳар як оила мавқеи муҳим доранд ва маҳз тавассути онҳо метавон сатҳи фарогирии аҳолиро бо моддаҳои барои саломатӣ зарурӣ таъмин намуд.
Ҳамчунин Раҳматова Раъно оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур суханронӣ намуд.
Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, истеҳсолкунандагон ва намояндагони соҳа ҷиҳати аҳамияти ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ, пешгирии камғизоӣ ва беҳтар намудани саломатии ҷомеа баргузор гардид.
Дар фарҷом масъулини соҳа ҷиҳати баргузории чунин чорабинӣ, дар таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, баланд бардоштани масъулияти истеҳсолкунандагон ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар изҳори сипос намуданд.