Амнияти озуқаворӣ яке аз омилҳои асосии рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифат, дастрас ва дорои арзиши баланди ғизоӣ шарти муҳими ҳифзи саломатии миллат мебошад.
Саломатии инсон аз ғизои дуруст ва мутавозин вобастагии зич дорад. Дар шароити ҷаҳони муосир норасоии витаминҳо ва моддаҳои минералӣ (микронутриентҳо), аз ҷумла оҳан, йод, кислотаи фолий ва дигар унсурҳои муҳим, ҳамчун яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ эътироф гардидааст. Камғизоӣ ва норасоии микронутриентҳо метавонанд ба пастшавии қобилияти зеҳнӣ, коҳиши масъунияти организм, зиёдшавии бемориҳои гуногун ва паст гардидани қобилияти меҳнатӣ оварда расонанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи амнияти озуқаворӣ ва беҳдошти ғизо таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул ва татбиқ менамояд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмин намудани дастрасии аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии ғанигардонидашуда» муносибатҳоро дар самти пешгирии норасоии микронутриентҳо танзим менамояд.
Ҳамзамон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №415 «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2027» ба тасвиб расида, татбиқи он ба беҳтар гардидани вазъи ғизоӣ ва коҳиши сатҳи бемориҳои вобаста ба камғизоӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин ҷиҳати амалӣ гардонидани қонуни мазкур аз ҷониби Муассисаи давлати “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар доираи зерқисмати 3.4 -и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” дар миқёси кишвар чорабиниҳои омӯзишӣ дар мавзӯи “Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати солимнигоҳдории ҷомеа” давра ба давра баргузор гардида истодааст.
Имрӯз санан 11 марти соли ҷорӣ дар толори бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар минтақаи Кӯлоб чорабинии омӯзишӣ оид ба Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати солимнигоҳдории ҷомеа” баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ аҳли ҷамоатчигии минтақа, намояндагон аз Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар минтақаи Кӯлоб, васоити ахбори омма ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ Айниев Амирхон — директори Маркази минтақавии ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кулоб ва Рафиев Ҷамшед корманди ин марказ оид ба “Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати ҳифз ва таҳкими саломатии ҷомеа” тавассути рунамо маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Сипас иштирокдорони чорабинӣ доир ба масъалаи мубрами соҳа суолҳо пешниҳод намуда, ба он ҷавобҳои мушаххас пайдо карданд. Ҳамчунин аз ҷониби шахсони масъул доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарӣ ва манфиатҳои маҳсулотҳои ғанигардонидашуда ба саломатии инсон махсусан кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва дигар шахсони ба онҳо баробаргадида тафсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, истеҳсолкунандагон ва намояндагони соҳа ҷиҳати аҳамияти ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ, пешгирии камғизоӣ ва беҳтар намудани саломатии ҷомеа мебошад.