Санаи 23 -уми феврали соли ҷорӣ бахшида ба 33 - юмин солгарди таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.
Ҷаласаро директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” муҳтарам Далер Саторӣ Абдумансур оғоз намуда, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, сулҳу субот ва хизматҳои шоёни аскарону афсарони кишвар суханронӣ намуданд. Ҳамчунин иброз доштанд, ки артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳои дар пеши роҳ бударо бартараф карда, давра ба давра комилтар, устувор, иқтидори муҳофизатиаш баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуда, муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардидааст. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкил ва рушди артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, Ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат ба даст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.
Сипас кормандон оид ба “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди ватан” баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар рафти ҷаласа филми мустанаде, ки таҷассумгари ин санаи муҳимро дар бар дошт пешкаши иштиродорони чорабинӣ гардонида шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ роҳбари муассиса кулли кормандон ва дар симои онҳо афсарону сарбозони кишварро бо 33 - юмин солгарди таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон суботу оромии ҷовидонаро таманно намуданд.