Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар миқёси кишвар дар қатори дигар корхонаҳои саноатӣ корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолии орд ва коркарди он бо усулҳои муосир ба роҳ монда шуда, аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизои хушсифат таъмин менамояд.
Бо мақсади дастгирии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмин намудани дастрасии аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии ғанигардонидашуда», инчунин барои дастгирии хариди мутамаркази премиксҳо барои ғанигардонии орди гандум ва йодати калий барои йодноккунии намаки ошӣ бо дастгирии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи давлатии фаръии “Фонди гардиши ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон” таъсис дода шуда, ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани бемориҳои вобаста ба ғизо байни аҳолӣ корҳои зиёд амалӣ гардида истодаанд.
Ҷиҳати амалигардонии қонуни мазкур санаи 26 - уми январи соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи корӣ Умед Солеҳзода - муовини директори КВД “Хурокворӣ”, Абдуллоева Заррина, Раъно Раҳматова, Илҳом Каримов, Ёқубҷон Уроқов - кормандони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, Беҳруз Валиев - директори Корхонаи давлатии фаръии “Фонди гардиши ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон”, Ҳомидов Фирдавс – директори КВД “Хӯрокворӣ” дар вилояти Суғд дар доираи зеркомпаненти 3.4 -и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ махсусан орди гандум бо роҳбарияти корхонаҳои истеҳсоли орди ҶДММ “Фаровон” ва ҶДММ “Фатир” дар вилояти Суғд” мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.
Дар рафти мулоқот масъулин ҷиҳати ба роҳ мондани ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ махсусан орди гандум бо мақсади баланд бардоштани ғизонокии маҳсулот барои қишри ниёзманди аҳолӣ, иқтидору истеҳсол ва ҳолати кунунии корхонаҳо суханронӣ намуданд.
Сипас ҳайати гурӯҳ аз корхонаҳои истеҳсолии орди гандуми ҶДММ “Фаровон” ва ҶДММ “Фатир” дидан намуданд. Мақсади боздиди гурӯҳи корӣ аз наздик шиносои пайдо намудан бо фаъолияти корхонаҳои мазкур ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта дар ҷодаи ғанигардонии маҳсулотҳои хӯрокворӣ мебошад.
Корхонаи истеҳсолии орди гандуми ҶДММ “Фаровон” фаъолияташро дар замони соҳибистиқлолӣ оғоз намуда, дар он орди навъи олӣ, навъи якум, дуюм ва сабус барои хӯроки чорво ва маҳсулотҳои дигар истеҳсол мегардад. Ҳаҷми умуми истеҳсоли он дар як шабонарӯз 400 тоннаро ташкил дода, зиёда аз 63 нафар кормадонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст.Корхонаи ҶДММ “Орди фатир” фаъолияташро аз моҳи апрели соли 2016 оғоз намуда, дар он низ орди навъи олӣ, навъи якум, дуюм ва сабӯс барои хӯроки чорво истеҳсол мегардад. Ҳаҷми умуми истеҳсоли маҳсулоти он дар як шабонарӯз 200 тоннаро ташкил дода, зиёда аз 46 нафар кормадонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст.Қобили зикр аст, ки ҳамаи корхонаҳои истеҳсоли орд маҳсулоти хомро (гандум) аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид намуда, коркард ва дастраси аҳолии кишвар мегардонанд.Корхонаҳои мазкур дар ҷумҳурӣ тибқи меъёри талаботҳои стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ба роҳ монда, маҳсулоти омодагардида ба гурӯҳҳо бо сифатҳои гуногун ҷудо карда мешаванд. Ҳамҷунин тибқи талаботи стандартии ҷаҳонӣ бастубанд гардида, ба аҳолии кишвар пешниҳод мегарданд.