Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода даъвати Раиси Маҷлиси Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайхро пазируфта ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар намуд.
Дар ин сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизодаро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот М. Гулзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ И. Камолзода, сардори раёсати тарҷума,таҳрир ва нашр К. Қурбонийон ва мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Наҷмиддиниён ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар назар аст, ки таҳкими ҳамкориҳои парламентӣ ва тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд.