Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия
2 марти соли 2025 аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев, №15 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд
19 марти соли 2025 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб шудааст
Санаи таввалуд: 11 сентябри соли 1975
Ҷои таввалуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ. Соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуровро хатм намудааст
Ихтисос: иқтисодчӣ, муҳосибот, назорат ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ
Унвони илмӣ: надорад
Забонҳои хориҷӣ: русӣ (англисӣ, бо луғат)
Ҳизбият: Ҳизби Аграрии Тоҷикистон
Фраксия: узви фраксияи Ҳизби Аграрии Тоҷикистон
Мукофотҳои давлатӣ: медали “Хизмати шоиста”; медали ҷашнии «10-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Вазъи оилавӣ: оиладор
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
муовини раиси ҷамоати деҳоти Хистеварз
мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Хистеварз
сардори хоҷагии деҳқонии «Хушбахт»
сариқтисодчии хоҷагии деҳқонии ба номи Исоқбой Дадобоев
сариқтисодчии Ҷамъияти саҳомии “Тоҷикистон”