Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният
2 марти соли 2025 аз ҳавзаи интихоботии Конибодом, №19 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст
19 марти соли 2025 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб шудааст
Санаи таваллуд: 12 майи соли 1963
Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ. Соли 1986 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст
Ихтисос: ҳуқуқшинос
Унвони илмӣ: надорад
Забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ ва узбекӣ (бо луғат)
Ҳизбият: ғайриҳизбӣ. Раиси гуруҳи вакилони ғайриҳизбии МНМОҶТ
Мукофотҳои давлатӣ: медали «Хизмати шоиста»,; якчанд медалҳои созмонҳои байналмилалӣ, соҳавӣ ва дохилӣ; корманди фахрии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон; шаҳрванди фахрии шаҳри Кӯлоб
Вазъи оилавӣ: оиладор
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният
қотиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
прокурори вилояти Хатлон
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум
прокурори шаҳри Кӯлоб
прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
сардори шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ дар мақомотҳои ВКД ва АНМН прокуратураи вилояти Суғд
муовини якуми прокурори ноҳияи Б.Ғафуров
муовини прокурори шаҳри Исфара
муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроқум
прокурори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд
муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроққум
коромӯз дар вазифаи муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроқум
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)
коргари комбинати консервабарории шаҳри Конибодом