АРТИШ МИЛЛӢ – ЗИРЕҲИ ДАВЛАТ АСТ
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми асосии Қувваҳои Мусаллаҳи давлати Тоҷикистон буда, вазифаи асосии он ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти миллӣ мебошад. Артиши миллӣ 23 феврали соли 1993 таъсис ёфта, ҳар сол ин рӯз ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад.
Пас аз ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991 зарурати таъсиси неруҳои мусаллаҳи миллӣ ба миён омад. Дар марҳилаи аввал сохтор ва таъминоти артиш бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буд, зеро пойгоҳи моддиву техникӣ маҳдуд буд ва қисми зиёди инфрасохтори низомӣ мероси давраи шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Бо барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар, махсусан баъд аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ 27 июни соли 1997 раванди ислоҳот ва таҳкими сохтори артиш оғоз ёфт. Дар солҳои минбаъда таваҷҷуҳ ба тайёрии касбӣ, навсозии техника ва баланд бардоштани қобилияти мудофиавӣ бештар гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодааст. Агар ба саҳифаҳои таърихи артиш назар андозем, бараъло мушоҳида мегардад, ки баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шўравӣ ба миллати тоҷик ҳеҷ мерос боқӣ намонд. Хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти комили давлатӣ сиёсати оқилонаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ба як қувваи бузург ва натиҷаҳои назаррас комёб гардид.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои соҳа ибрози андеша намуда, ба аъзои ҳизб маълумот дода шуд. Ҳамчунин ёдовар гардид, ки бо шарофати сулҳу суббот дар кишвар имрўз дар сафи Артиши миллӣ ҷавонони обутобёфта ва зираку чолок адои хизмати Модар - Ватан намуда истодаанд. Хушбахтона тайи ин солҳо комёбиҳои бузургеро низ артиш ба даст овард. Зикр гардид, ки хизмат дар сафи артиш ҳам қарз асту ҳам фарз моро лозим аст, ки ҷавононро дар рўҳияи худшиносиии миллӣ, эҳтиром гузоштан ба мероси неки ниёгон ва ҳифзи марзу буми кишвар ҳидоят ва тарбия намоем.
Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд «Ба зиммаи ҷавонон масъулияти бузурге гузошта шудааст, онҳо бояд ватанро дар баробари модари худ дуст доранд ва марзу бумашро ҳифз намоянд».
Артиши миллии Тоҷикистон аз чанд навъи асосии қӯшунҳо иборат аст:
• Қӯшунҳои хушкигард (заминӣ) – неруи асосии ҷангӣ, ки амалиётҳои ҳарбиро дар хушкӣ анҷом медиҳад.
• Қӯшунҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ – ҳифзи фазои ҳавоии кишвар ва дастгирии неруҳои заминӣ.
• Қӯшунҳои зудамал (мобилӣ) – воҳидҳои омодабош барои вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳо.
Илова бар ин, дар низоми амниятии кишвар чунин сохторҳо фаъолият мекунанд:
• Қӯшунҳои сарҳадӣ
• Қӯшунҳои дохилӣ
• Гвардияи миллӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки “Воқеияту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем”. Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва сипари муҳимтарини ҳар як давлату миллат мебошад, ки ҳанӯз дар оғози ба Истиқлолият расидани кишвари азизамон ин ниҳоди боэътимод таъсис ёфта, роҳи хеле мушкилу сангини таърихиро тай намуд, ва ҳоло қодир аст, ки амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварро комилан таъмин намояд.
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд.
Дар ин лаҳзаҳои идона бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаву таърихӣ карданд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки ин нукта, ки ҳифзи марзу буми кишвар, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи муҷаҳҳазу муосир ғайриимкон мебошад, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба таъсиси Артиши миллӣ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ оғоз намуд.
Новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ аз рўзҳои аввал ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи артиш бо мутахассисони касбии низомиро ба роҳ монд. Дар ин замина пеш аз ҳама ба масъалаҳои таъсису таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, пурра намудани ҳайати шахсӣ дар самтҳои муҳимтарини стратегияи ҳарбӣ ҷой додани онҳо ва беҳдошти омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ вобаста ба имконоти мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир карда мешуд.Айёми ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се давраи масъулиятнокро дарбар мегирад. Сарбозону бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият додани он мубрамтарин масоле буданд, ки ҳалли мусбии худро пайдо карда тавонист.Дар айни замон дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ: Қўшунҳои хушкигард, Қўшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ амал мекунад. Илова бар ин, айни замон дар Қувваҳои Мусаллаҳ ислоҳоти ҳарбӣ идома дорад. Таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама давраҳои мушкили таъсисёбии худро паси сар намуда, ба давраи мувофиқсозии сохтори худ ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра кўшишу талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, болоравии маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд.
Рауфзода Эраҷ Абдураҳим