Cанаи 31 январи соли 2026 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Муассисиаи давлатии “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосимӣ Фирдавсӣ”- и шаҳри Душанбе "Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ" баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва роҳбарону намояндагони вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд. Дар намоишгоҳ ҳамаи дастранҷи марди деҳқон, ҳамагуна олотҳои кории кишоварзӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ниҳолҳою навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, навъҳои техникаю мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, оҳангариву гаҷкорӣ, дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, Парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯрпарварӣ, олотҳои дорупошӣ ва камераҳои фумигатсионӣ, намоиши таъомҳои миллии ба ҷашн хос ва ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, кулолгариву табақтарошӣ ва дигар дастовардҳое, ки ифодагари Ҷашни Сада мебошад, пешкаши меҳмонон ва сокинони Пойтахт гардонида шуда, Кумита низ дар қатори дигар вазорату идораҳо самтҳои фаъолияту дастовардҳои худро ба монанди навъҳои гуногуни тухмиҳои баландсифати сертификатсияшуда, дастур ва китобҳои гуногуни методӣ барои кишоварзону чорводорон барои пешгирӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон, намоиши заҳрдоруҳо ва камераҳои фумигатсиониро ба марази тамошо гузошта, барои иштироки фаъолона бо сипосномаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуданд.