Имрӯз, 1 ноябри соли 2025 дар толори меҳмонхонаи Серена чорабинии тантанавии Рӯзи умимиҷаҳонии озуқаворӣ ба муносибати 80-солагии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) таҳти унвони “Даст ба дасти ҳам – ба хотири беҳтарсозии сифати озуқаворӣ ва ояндаи дурахшон” баргузор гардид. Ташкилоти мазкур соли 1945 таъсис ёфта, дар пешбурди амнияти озуқаворӣ, рушди деҳот ва мубориза бо гуруснагӣ дар ҷомеаи чаҳонӣ нақши назаррас дорад. Дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷонзода Маҳмуд Ширинҷон, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин иштирок ва суханронӣ намуданд. Ширинҷонзода М.Ш. ба директори генералии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Душанбе Агаси Арутюнян барои ҳамкориҳои судманди тарафайн изҳори сипос намуда, аз ҷониби Кумита ба ӯ туҳфаи хотиравӣ тақдим намуданд.