Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 мерасонад, ки муҳлати давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) 2026 як рӯз, яъне то 11-уми сентябр тамдид карда шуд.
Хотиррасон мекунем, ки барои бақайдгирии довталабон дар ин давра дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ фаъолият мекунад. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар зер оварда шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки реҷаи кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 17:00 муқаррар карда шудааст.
Маълумоти муфасссалро дар бораи масъалаҳои марбут ба давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 аз сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/) ва тавассути телифонҳои 224-53-68 ва 224-53-73 пайдо кардан мумкин аст.