Истиқлоли давлатӣ саҳифаи наве дар таърихи давлатдории тоҷикон гардида, барои мардуми дорои тамаддуни чандҳазорсола ва куҳанбунёд имкон дод, ки соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, парчами худро аз номи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ парафшон созанд.
Соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла маориф ва илм, дар пояи миллӣ таъмин гардад. Шароит фароҳам карда шуд, то ки муассисаҳои нави таълимӣ қомат афрохта, сатҳу сифати таълим ба андозаи талаботи замони муосир баланд ва дар ин замина барои тарбияи насли нав ва мутахассисони соҳибкасб имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.
Бо мақсади рушди соҳаи маориф муассисаҳои таълимӣ бунёд ва таҷдид гардида, шароити таҳсил барои хонандагону донишҷӯён ба сатҳи баланд бардошта шуд. Барномаҳои давлатии рушди маориф қабул гардида, ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, такмили ихтисоси омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи дониш дар ҳамаи зинаҳо таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Дар паёмҳои солона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, рушди соҳаро дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии хеш қарор додаанд.
Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям».
Ҳамин аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид. Таъсиси квотаи президентӣ барои сокинони минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, имтиёзҳо барои таҳсил дар мактабҳои олии хориҷи мамлакат, дар пойтахт ба фаъолият шурӯъ кардани намояндагиҳои мактабҳои олии давлатҳои мутараққӣ, даъвати бунёди муассисаҳои томактабӣ дар тамоми деҳаҳо, баланд бардоштани нақши омӯзгор дар ҷомеа, додани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон ва ғайра аз ҷумлаи ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат мебошанд, ки барои рушди соҳа мусоидат менамоянд.
Ҳамасола бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш ва маориф, инчунин таҳлили кори соҳаю раҳнамоӣ барои давраи минбаъда гардидааст.
Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешрафту дастовардҳои кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро сари баланду қомати болои мардум, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф, арзёбӣ намудаанд.
Чуноне ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш қайд гардид: «Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст».
Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015, панҷуним баробар зиёд мебошад. Тақрибан ҳамасола баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф ва беҳтар гардидани шароит дар муассисаҳои таълимӣ далели бебаҳси таваҷҷуҳ ба ҳаёти иҷтимоии омӯзгор ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Яке аз қадамҳои муҳими давлат дар самти дастгирии омӯзгорон — ин зиёд шудани маоши онҳо мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд.
Аз аввали соли таҳсили 2025–2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шуда, аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, 25 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф 20 фоиз зиёд карда мешавад. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол аз сол афзоиш меёбад, ки ин ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат мекунад.
Ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор заминаи бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мегардад. Зеро омӯзгор шахсе аст, ки ҷомеаро таълиму тарбия медиҳад. Ин тадбирҳо маҳз ба он равона шудаанд, ки омӯзгорон ба такмил додани дониш ва малака бештар рӯ оварда, бо талаботи замон ҳамқадам бошанд.
Тавре Сарвари давлат таъкид менамоянд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани кори таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии хонандагон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».
Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба мустаҳкам намудани пояҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф диққати махсус дода шуд. Дар ин асос, ҳуҷҷатҳои муҳим қабул карда шудаанд, ки муҳтавои онҳо ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошанд. Нахустин ҳуҷҷати муҳими соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад. Бо назардошти пешрафти ҷомеа ва дигаргуниҳои замони муосир ба қонуни мазкур чанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани ҳуҷҷатгузории соҳаи маорифи кишвар мебошад.
Ҳамзамон, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» барои пешбурди ислоҳоти соҳаи маориф ва беҳбуд бахшидан ба шароити омӯзгорон марҳалаи муҳим ба шумор меравад. Дар ин раванд, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба манфиати устодон, хонандагон ва умуман соҳаи маориф мебошад. Таъкид мегардад, ки мақоми омӯзгор дар низоми маорифи миллӣ афзалият дорад, зеро омӯзгор шахсе аст, ки бо нури илм ва маърифат насли наврасро тарбия мекунад ва рушди давлату миллатро маънӣ мебахшад. Ҳадафи қонун — баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таъмин намудани ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоии онҳо, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии устувор барои фаъолияти касбӣ ва рушди истеъдодҳои омӯзгорон мебошад.
Дар баробари ин, дар давраи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф як қатор стратегия ва барномаҳои муҳими давлатӣ қабул гардиданд. Ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани шароити таҳсил, рушди муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб мебошад.
Барномаҳои давлатӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, аз ҷумла рушди таҳсилоти томактабӣ, миёна ва олӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар раванди таълим ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ равона шудаанд. Қабули чунин санадҳо барои муайян намудани самтҳои асосии рушди маориф дар дурнамои дарозмуддат аҳамияти калон дорад. Дар онҳо масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рушди таҳсилоти касбӣ ва мутобиқ намудани низоми маориф ба талаботи замони муосир ба назар гирифта мешаванд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон, муроҷиат намуда, таъкид менамоянд, ки мо бояд бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, бо ҳисси баланди миллӣ тамоми тавону неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёри худ равона созем.
Дар заминаи ин ҳама ғамхориҳо, мо, кормандони соҳаи маориф ва илм, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, дар тарбияи насли наврас, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ саҳми босазои худро гузорем.
Мавлододова Аслигул — мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон