Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни умумимиллӣ 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили рости дарёи Душанбе аксияи экологии “Тозагии соҳил” доир гардид.
Дар аксия, аъзоёни Клуби волонтёрони экологии назди Раиси шаҳри Душанбе, шаҳрвандон ва дигар намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Дар рафти баргузории аксия, соҳили дарё аз партовҳои маишӣ ва пластикӣ тоза карда шуда, дар ҳаҷми 2,4 метри кубӣ партов ҷамъоварӣ ва бароварда шуд.