17 августи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулони мақомоти соҳавӣ ва марказу муассисаҳои тобеи он ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаина баргузор гардид, ки дар он фаъолияти Кумита ва зерсохторҳои он дар ҳафтаи сипаригардида, вазифагузориҳо барои ҳафтаи навбатӣ ва масъалаҳои дигари ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла оид ба сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни муқаддаси миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони иштирокдори соҳавӣ дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Дар охир, бо назардошти манзури ҳисоботҳо, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахдори ҷаласа қабул гардида, барои корбарӣ ба масъулони соҳавӣ фиристода мешавад.