Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди малакаҳои рақамии кормандони мақомоту ташкилоти давлатӣ ва шаҳрвандон дар соли 2026, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2026 тасдиқ гардидааст, дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби масъулони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ба кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар мавзуъҳои рақамикунонӣ, айниятикунонӣ, пардохти электронӣ ба тариқи рӯйнамоҳо машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.
Дар навбати худ ба мутахассисон саволҳо пешниҳод гардида, ба мавзуъҳои матраҳгардида ҷавобҳои мушаххас дода шуданд. Қайд гардид, ки мақсад аз гузаронидани чунин тренингҳои омӯзишӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ ва салоҳияти касбии кормандони мақомоту ташкилоти давлатӣ, таъмини татбиқи самаранокии ҳукумати электронӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва густариши истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад.