26 июни соли 2026 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оид ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027-2036)» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода оғоз гардида, доир ба аҳамияти таърихии қабули қатъномаи мазкур ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии сулҳпарварона ва башардустона
ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ хеле натиҷабахш арзёбӣ гардида, он таҳкими фарҳанги сулҳ, тарбияи насли ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва таҳкими амнияту суботи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.