28 сентябри 2026
13 июли соли 2026 мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Муғулистон дар Тоҷикистон Гунаажав Батжаргал баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи 17-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD COP17) баррасӣ карда, доир ба лоиҳаи Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Муғулистон ибрози андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳуҷҷати мазкур баҳри ҳамкорӣ дар соҳаҳои барқарорсозии чарогоҳҳо, ҳифзи пиряхҳо, коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва назорати биёбоншавӣ равона гардида, самтҳои асосиро баҳри ҳифзи пиряхҳо ва криосфера; барқарорсозии чарогоҳҳо; кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим, пешгирии биёбоншавӣ ва барқарорсозии замин; ҳифзи гуногунии биологӣ; мониторинги муҳити зист ва ҳамкории илмиро тақвият мебахшад.
Дар охири мулоқот, ҷонибҳо зарурати ташкили вохӯриҳои онлайнии мутахассисони дахлдорро барои мубодилаи таҷриба ва беҳтар кардани тахассуси кормандонро иброз намуданд.