9 июли соли 2026 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи якуми соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки Кумита фаъолияти худро дар доираи сиёсати давлатии экологӣ, татбиқи барномаҳои миллӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Кумита 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 фармоиши соҳавӣ қабул шудааст.
Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва иҷрои ҳуҷҷатҳои стратегӣ мебошад. Дар ин замина Гурӯҳи кории байниидоравии «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва тағйирёбии иқлим» таъсис ёфта, барои ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 фаъолият мекунад.
Дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 30 экспедитсияи омӯзишии хавфи тарма ва 24 корҳои тадқиқотӣ оид ба муайян намудани қабати барф дар ҳавзаҳои дарёҳои ҷумҳурӣ анҷом дода шудааст.
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2023–2028 ҷиҳати беҳтар намудани вазъи муомилот бо партовҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 163 камераи назоратӣ бо истифода аз панелҳои офтобӣ насб гардидааст, ки ба таври онлайн фаъолият намуда, барои пешгирии қонунвайронкуниҳо мусоидат мекунанд.
Аз дастовардҳои муҳими соҳа иҷрои барзиёди нақшаи ниҳолшинонӣ арзёбӣ гардид. Тибқи маълумот, аз 3 миллиону 622 ҳазору 586 бех ниҳоли пешбинишуда то 31 майи соли ҷорӣ 3 миллиону 774 ҳазору 939 бех ниҳол шинонида шудааст, ки 104 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар саросари кишвар 1037 маротиба аксияи «Тозагии соҳил», 1471 маротиба «Тозагии маҳал» ва 1260 маротиба «Тозагии шоҳроҳ» баргузор гардида, дар онҳо беш аз 262 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок кардаанд.
Дар самти рақамикунонӣ низ корҳои назаррас анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, барномаи электронии гардиши ҳуҷҷатҳои дохилиидоравии «EcoDoc» аз моҳи марти соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, раванди мубодилаи ҳуҷҷатҳо ва ҳисоботҳоро пурра ба шакли электронӣ мешаванд.